81 % ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шуд
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳафтаи равон дар майдони зиёда 236,6 ҳазор гектар ғалладона даравида шудааст, ки 81 фоизро ташкил медиҳад. Тавре, ки аз вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, ҳосили умумии ғалладонагиҳо зиёда аз 645,6 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 28,4 сентнериро ташкил медиҳад. Майдони 228,5 ҳазор гектар куфта шудааст, инчунин дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 144 адад комбайнҳои ғалладарав ба кор ҷалб карда шудааст.Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дурнамои кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ майдони 74799 гектарро ташкил медиҳад. То аввали ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 69,2 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 92,5 фоизи дурнамо мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ 29196 гектар ғалладонагӣ, 13865 гектар ҷуворимакка барои дон, 5964 гектар шолӣ, 9367 гектар дигар ғалладонагиҳо, 383 гектар картошка, 6581 гектар сабзавот, 2947 гектар полезиҳо,1554 гектар зироатҳои техникӣ ва 28543 гектарро кишти хӯроки чорво ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






