90-солагии Душанберо кай таҷлил менамоянд?

Август 18, 2014 11:48

Душанбе, 18.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳафтаи охири моҳи октябри соли равон  90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ин аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев санаи баргузории тантанаҳои ҷашни 90-солагии пойтахт мушаххас карда шуд. Тибқи он рӯзҳои  25 ва 26 — уми октябр тантанаҳо  дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, 28-29-уми октябр Рӯзҳои фарҳанги бародаршаҳри Душанбе —  Санкт — Петербурги Русия доир мегарданд.
    Инчунин 30 октябр дар Душанбе ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 90-солагии пойтахт ва 31 октябр ҷаласаи умумии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо гузаронида шуда, 1-уми ноябр меҳмонон ва сокинони пойтахтро дар Боғи Наврӯзгоҳ  базми идона ба ифтихори  ҷашни 90-солагии Душанбе интизор аст.
 

Август 18, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад