«Андалеб — 2014» идома дорад
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Даври ниҳоии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дорад. Бегоҳии ҳар рӯз ба ҷузъ якшанбе, ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳорати хешро пешкаши ҳаводорони санъат мегардонанд. Тамошобинон пеш аз оғози барнома аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳияҳо дидан намуда, аз фарҳангу тамаддуни гузаштагони хеш ошно мегарданд. То имрӯз ҳаваскорони ноҳияи Файзобод ба 118,5 хол, шаҳри Қӯрғонтеппа ба 118,6 хол, ноҳияи Рашт 117,5 хол, шаҳри Хуҷанд ба 119 хол, ноҳияи Фархор ба 119,1 хол, ноҳияи Роштқалъа ба 118,2 хол сазовор гаштаанд. Бегоҳии имрӯз санъаткорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






