Андалеби Рашт
Душанбе, 07.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Даври ниҳоии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дорад. Дирӯз ҳаваскарони ноҳияи Рашт маҳорати эҷодиии хешро дар назди ҳакамон ва иштирокчиёни толор намоиш доданд. Тибқи низомнома баромади суруди дастаҷамъӣ, навозиши якка, рақси якка, бадеҳаи халқӣ, суруди ҳаҷвӣ, ҳунарнамоии ансамбли навозандагон сазовори баҳои баландтарини ҳакамон гаштанд. Ҳакамон ҳамчунин ба намоиши ҳунарҳои бадеӣ ва халқӣ, саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия баҳо гузоштанд.Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» аз 4 август оғоз ёфта, то 20 август идома меёбад. То ин дам дастаҳои ҳунарии ноҳияи Файзобод, шаҳри Қурғонтеппа ҳунарнамоии худро нишон доданд. Бегоҳии имрӯз ҳаваскорони шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






