Аёдати ҷавонони ниёзманд
Душанбе, 05.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба 131 нафар дастпарварони мактаб — интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Чкалов лавозимоти варзишӣ ҳамчун кумак аз ҷониби Кумита тақдим гардид. Бино ба иттилои мудири бахши иттилоотии таҳлилии Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров ҳамчунин 28 июли соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд шоираи маъюб, сокини шаҳри Истаравшан Сайёрахон Баҳодурова ба муносибати Иди саиди Фитр аёдат карда шуд. Ёдрас мешавем, ки дар арафаи Иди саиди Фитр ба 162 нафар ҷавонони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Чкалов, Конибодом, Исфара, Қайроққум, Ашт, Спитамен, Ғончӣ, Мастчоҳ, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод кумаки молиявӣ расонида шуд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






