Аз сафари Зарубин ба Бадахшон 100 сол гузашт

Август 13, 2014 10:18

Хоруғ, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар толори Донишкадаи илмхои гуманитарии АИ Тоҷикистон ба номи Академик Баҳодур Искандаров бахшида ба 100-солагии аввалин сафари илмии профессор Иван Иванович Зарубин ба Бадахшон конфсронси илмӣ -амалӣ баргузор гардид.Дар конфсронси мазкур олимон аз Донишгоҳҳои шаҳрҳои Маскав ва Санк-Петербурги Федератсияи Русия иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Зарубин мақолаҳои илмӣ ироа намуданд. Иван Иванович Зарубин қабл аз инқилоби октябр дар соли 1914 ба Кӯҳистони Бадахшон сарфи илмӣ намуда, дар давоми се сол дар ин ҷо тадқиқоти илмӣ анҷом дода, бори аввал мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо зиндагӣ, забон ва урфу одати сокинони яке аз минтақаҳои баландкӯҳи ҷаҳон шинос намудааст. Ба гуфтаи маърӯзачиён ин олими шинохтаи Шӯравӣ бо тадқиқотҳои пурарзиши худ дар риштаи забоншиносӣ миёни олимони дигар шуҳрати беандоза касб намуда буд. Профессор Зарубин дар Помир бештар ба омӯзиши забонҳои шуғнонӣ, бартангӣ, рӯшонӣ ва вахонӣ машғул буд ва мувофиқи сарчашмаву маъхазҳо ин забонҳоро на танҳо ба дурусти омухтааст, балки ба таҳлилу баррасӣ низ кашидааст. Раҳбари гурӯҳи олимони рус Николай Сергеевич чанд лаҳзаро аз ҳаёту фаъолияти илмии профессор Зарубин ёдоварӣ намуда гуфт, ки ин олими барҷастаи Шӯравӣ дар ин сафар танҳо набудааст, балки ӯро олими дигари маъруф аз Фаронса Гиёто ҳамроҳӣ кардааст. Дар Помир Зарубин ба ҷуз аз омухтани гурӯҳи забонҳои помирӣ ҳамчунин ба омӯзиши фарҳангу санъати мардуми Помир, дину оин ва маросимҳои миллӣ машғул буд.Дар конфронс ҳамчунин аксу тасвирҳо аз ҳаёти на чандони дури сокинони Помир, ки дар осорхонаи Антропологӣ — этнографии Федератсияи Русия маҳфузанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Август 13, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад