Бақияи амонатҳо 14,2 фоиз афзуд

Август 26, 2014 10:08

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз тариқи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бақияи амонатҳо дар охири моҳи июли соли ҷорӣ 5943,8 млн.сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз афзуд. Аз он 33,1 фоиз ё 1966,4 млн. сомонӣ амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 66,9 фоиз ё 3 977,4 млн. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Амонатҳои номбурда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 4,1 ва 19,9 фоиз зиёд шуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳафт моҳи соли 2014 фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,20 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,97 фоизи солонаро ташкил намуд, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли рафта 0,3 банди фоизӣ паст ва 0,9 банди фоизӣ баланд шуд.

Август 26, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд