Ба 45 хонанда либоси мактабӣ тақдим гардид
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар маркази шаҳри Исфара ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил шуд. Дар ярмарка раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зикр намуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас ва фароҳамсозии шароити созгор ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа мебошад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар чорабинӣ ба 45 нафар хонанда аз оилаҳои камбизоат либоси мактабӣ ба таври ройгон тақдим шуд.
Ҳамчунин масъулин вазифадор шуданд, ки тамоми либос ва лавозимоти мактабӣ бояд бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






