Ба даст афтодани паҳнкунандагони доруҳои дилхушкунанда

Август 18, 2014 09:19

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус фаъолияти гурӯҳи навбатии муташаккили ҷиноиро, ки бо интиқоли ғайриқонунии доруворие, ки дар таркибаш маводи нашъаовар дошт, қатъ намуданд.
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва ҳабс шуд, ки аз онҳо як ҳазору нӯҳсаду сӣ дона ҳабҳои сахттаъсири дар таркибаш маводи нашъаовар дошта мусодира шуд.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки боздоштшудагон маводи дорувориро дар марказҳои дилхушӣ, ҷойҳои ҷамъшавии ҷавонон паҳн мекардаанд. 
Доир ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, 
корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ доир ба дастгир намудани аъзои дигари гурӯҳи ҷиноӣ идома доранд.

Август 18, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст