Ба кор даровардани корхонаи нави таълимию истеҳсолии Гулдастони Пойтахт-90

Август 30, 2014 23:30

 
Душанбе, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар кӯчаи Рустам Каримови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави таълимию истеҳсолӣ-Корхонаи воҳиди давлатии Гулдастони Пойтахт-90 ба кор дароварда шуд.
 
Зимни ифтитоҳи корхона ва шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷанбаи он, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимию истеҳсолӣ барои омӯзиши васеи ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ, қолинбофӣ ба занону духтарон пешбинӣ шудааст.
 
Бинои корхона аз се ошёна иборат буда, дар он коргоҳу синфхонаҳои амалии қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, тарроҳӣ ва дӯхти либос ва туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ аз маҳсули дасти гулдӯзону зардӯзон ва қолинбофони дастӣ ва ҳам утоқҳои ороиши рӯю мӯй ҷойгир шудаанд.
 
Дар ин корхона беш аз 250 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 200 нафари онҳо қолинбофон мебошанд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҳам дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд васеъ ба роҳ монда шавад, зеро ба ин васила шумораи зиёди занону духтарони хонашин соҳиби касбу ҳунар, кор ва маоши хуб мешаванд ва ҳам ҳунарҳои зебои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гардида, ба сайёҳону дигар завқмандони санъату фарҳанги бостонии мо муаррифӣ мешавад.
 
Дар посух иттилоъ дода шуд, ки то охири соли равон ҳамин гуна корхонаҳо дар се ноҳияи дигари пойтахт низ бунёд ёфта, беш аз 2 ҳазор духтарону бонувон ба омӯзиши ин ҳунарҳо ва машғул шудан бо ин кор ҷалб карда мешаванд.
 
Зимни боздид аз ошхонаи корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо ҳамчунин дарсҳои таомпазӣ ва дастархонороӣ ташкил карда шавад.

Август 30, 2014 23:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!