Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Душанбе, 04.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Ҷаноби Олӣ,Хабари таркиш дар корхонаи саноатии шаҳри Куншани музофоти Сзянсуи қисмати Шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси фавтидани даҳҳо нафар ва осеб дидани садҳо каси дигар гардидааст, моро басо андӯҳгин намуд.Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти самимона ва ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






