Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Душанбе, 04.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам ҷаноби Раис,Хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андӯҳгин намуд.Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти самимии моро ба халқи дӯсти Чин, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ва инчунин эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба зарардидагон бирасонед».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






