Баргардонидани ҷавонон аз таълимгоҳҳои ғайрирасмии хориҷӣ
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дирӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода бо намояндагони шаҳру навоҳии Чкалов, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар мулоқот перомуни мавзӯъҳои пешгирии ҷиноятҳо, гаравидани наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ, баргардонидани ҷавонон аз таълимгоҳҳои ғайрирасмии хориҷи кишвар ва иштироки занон дар намози таровеҳ ва ид ибрози назар карда шуд.Маврид ба таъкид аст, ки дар чорабинӣ мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода иштирок ва суханронӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, мудирону сармутахассисони бахш оид ба корҳои дини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ходимони дин ва падару модарони донишҷӯёни дар хориҷа таҳсилкунанда ва дигар шахсони масъул аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум ва Чкалов, дар маҷмӯъ ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






