Баргузории амалиёти «Биёед китоб мехонем» дар пойтахт
Душанбе, 12.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, дар Боғи ба номи устод Рудакӣ амалиёти «Биёед китоб мехонем» баргузор мегардад. Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилоотии таҳлилии Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар ин чорабини 1000 адад китобҳои гуногуни бадеӣ, инъикоскунандаи хулқу атвори инсонӣ ва 1000 нусха Рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба шаҳрвандон ва дўстдорони қитоб тақсим карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мақсад аз ин иқдом ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигаҳдории китоб ва бар ин васила ҳидоят сохтани онҳо ба аз худ кардани илму маърифат, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ нигоҳ доштани онҳо аз бекоргардию беҷогардӣ ва амалҳои номатлубу номуносиби ҷамъиятӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои асосии Кумитаи мазкур ин таъмини иштироки ҷавонон дар рушди фарҳанг ва бар ин васила тақвият бахшидани китобхонию китобдорӣ дар байни насли наврас ва ҷавон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






