Баррасии ҷараёни омодагиҳо ба чор ҷашн дар назди Марҳабо Ҷабборӣ
Душанбе, 06.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ машварати корӣ доир гардид.Дар машварат масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, молия, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо, муовинони раиси вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ширкат варзиданд.Зимни машварат ҳисоботи аъзои Кумитаи тадорукот ва масъулин оид ба рафти баргузории чорабиниҳои бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷараёни амалишавии нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 700-солагии олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шунида шуд.Қайд гардид, ки баргузории чорабиниҳои мазкур барои боз ҳам боло бурдани ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ифтихор аз арзишҳои милливу мероси ниёгон нақш хоҳад гузошт.Дар маҷмӯъ, ҷараёни корҳо ва рафти омодагиҳо ба чор ҷашни зикргардида, қаноатманд арзёбӣ гардида, барои вусъати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






