БДА: Роҳ маҳдуд мешавад

Август 27, 2014 17:14

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат пагоҳ, яъне 28 августи соли ҷорӣ аз соати 07.30 то 08.30 ва аз соати 15.00 то 16.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рўдакӣ, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Айнӣ, А. Дониши пойтахт, роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб то деҳаи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат  муваққатан маҳдуд  мешавад.
Ҳамчунин аз соати 06.30 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиётӣ аз сероҳаи Данғара-Қурғонтеппа ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд  мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба самти шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Ёвон ба роҳ монда мешавад.

Август 27, 2014 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд