Беҳтарин “Нозири забон” кӣ мешавад?
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 11 август то 10 марти соли 2015 озмуни беҳтарин “Нозири забон”-ро эълон менамояд. Дар озмун аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шоирону нависандагон ва муҳаррирон метавонанд иштирок намоянд.Шартҳои озмун аз тарғиби рисолат ва арзишҳои забони миллӣ, назорати татбиқи муқаррароти иҷрои Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои суннатии таърихии забони тоҷикӣ, риояи фасоҳат ва балоғати суханварӣ, таълифи шеър ва ё асари беҳтарин дар васфи забон, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар васфи забон ва нашри мақолаҳо дар бораи забони давлатӣ иборат мебошад.Натиҷаи озмун 16 марти соли 2015 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






