БМТ: Сабабҳои аз кор рафтани мутахассисон зиёданд
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар маҷмӯъ дар 7 моҳи соли равон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 106 нафар корманд бо сабабҳои гуногун аз кор рафтаанд.
Ба гуфтаи хадамоти матбуоти БМТ сабабҳои аз кор рафтани мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зиёданд. Аксарияти кормандон мутобиқи моддаи 45 Кодекси меҳнати ҶТ, бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд. Қисме аз кормандон дар чорчӯбаи талаботи қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди хешутаборчигӣ, ошнобозӣ, маҳалчигӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз кор рафтаанд. Як зумраи дигари кормандон бинобар амалӣ намудани тартиби ҷойивазкунии кормандон дар низоми бонкӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон аз кор озод ва ба вазифаҳои дигари масъул таъйин гардиданд. Ҳамчунин шумораи муайяни мутахассисон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз кор рафтанд.
Илова бар ин мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонк дар бисёр мавридҳо барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ба низоми бонкии кишвар, яъне ба дигар ташкилотҳои қарзӣ сафарбар мешаванд. Барои мисол, баъзе мутахассисоне, ки сатҳи баланди дониш доранду дар вазифаи худ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, аз ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ барои идомаи кор ба «Сарбонк» даъват мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчунин мутахассисҳои баландихтисоси «Сарбонк» барои дастгирии бонкҳои маҳаллӣ ва табодули таҷриба ба шуъбаҳои бонкҳо сафарбар мешаванд, ки ин таҷриба натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Ба ғайр аз ин, барои тарки вазифа ё ҷойи кор намудан метавонад сабабҳои дигар низ, аз қабили иваз намудани маҳали зист, тағйири вазифа ва ё касб, таъйин шудан ба вазифаҳои баландтар дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ғайра вуҷуд дошта бошанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки раванди ҷойивазкунии кормандон на танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, балки дар низоми бонкии кишвар , аз ҷумла дар БДА “Амонатбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” шуруъ шуда, дар айни замон давом дорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






