Бохти мунтахаби Тоҷикистон дар Алмаато
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дар шаҳри Алмаато дирӯз мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи миллии Қазоқистон бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.Тавре, ки дар ин бора Кумита олимпии кишвар хабар додааст, бозии дӯстона байни дастаҳои миллии футболи Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон футболбозони қазоқ — бо ҳисоби 2-1 хотима ёфт. Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон ҳамагӣ чор бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар се бозӣ футболбозони қазоқ пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки бозии навбатии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябри соли равон дар шаҳри Минск бо дастаи миллии Беларус баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






