Бонки маъруфтарин дар Тоҷикистон
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — Тибқи тадқиқоти Market Brief, ки ширкати Z — analytic Group миёни 16 бонки ватанӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ гузаронида буд, 5 бонки бузург ва 1 бонки молиявии хурд сермизоҷтарин ва маъруфтарин миёни аҳолӣ интихоб гардиданд. Тибқи иттилои маркази тадқиқотии мазкур, дар омода намудани тадқиқот 1811 респондент аз 63 нуқтаи аҳолинишини ҷумҳурӣ ширкат намудаанд. Руйхатро яке аз бонкҳои ҷавони кишвар — бонки «Эсхата» пешсафӣ намуд. Чунон, ки аён гардид ин бонкро 47,7% респондентон дар кишвар мешиносанд. Дар ҷои дуюм «Агроинвестбонк» қарор гирифт, ки 43,7 % респондентон онро ном бурданд. Ба руйхати сегонаи беҳтаринҳо «Амонатбонк» бо гирифтани 40,1 % овози респондентон шомил гардид. Инчунин ба руйхати пешсафон 2 бонки дигар «Ориёнбонк» бо гирифтани 28,5% овоз ва «Тоҷиксодиротбонк» бо гирифтани 24,4% овоз ҳамроҳ шуданд. Миёни ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ бошад, пешсафи мутлақ, аз рӯи маъруфият ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон интернешнл» мебошад, ки 13,5% респондентон онро медонад. Дигар ташкилотҳои хурди карздиҳӣ ва институтҳои молиявӣ: «Ҳумо», «Финка», «Оксус» ва «Матин» аз 1,7 % то 4,4 % овози респондентонро гирифтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






