Боздид аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид, вазири рушди иқтисоду савдо Шариф Раҳимзода ва роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» зимни як боздид бо фаъолияти муассисаю корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», барномаҳои корию тарҳрезишуда, раванди истеҳсолот ва технологияҳои нави корхонаҳо шинос шудаанд.Гуфта мешавад, ки роҳбарони МОИ «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» раванди корро дар «Равзанапласт», ки соҳаи асосии фаъолияташ истеҳсоли дару тирезаҳои пластикист, «Силкоат — Бойя» — корхонаи муштараки тоҷикию туркӣ оид ба истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ, «Тоҷпроф», «Фортуна — ко» ва корхонаю муассисаҳои дигари минтақаи «Суғд» назора намуда, ҳамзамон вижагиҳои корро барои амалӣ намудани чунин тарзи фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» омӯхтаанд. Дар ин бора аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






