Боздиди ҳайати Русия аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳафтаи сипаришуда ҳайати расмии Федератсияи Русия бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуд.
Дар маҳфили муштарак барномаҳои афзале. ки барои якҷоя бо ҷониби Русия татбиқ намудан таҳия шудаанд, аз ҷумла бунёди маркази логистикии нақлиётӣ ва шохаи роҳи оҳан баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, роҳбари ширкати «Стандарт капитал»-и Русия Михаил Черенов тарҳи бунёди шабакаи қабул, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар марказҳои логистикии Тоҷикистон рӯнамоӣ кард.
Гуфта мешавад, ки имкони дар ҳудуди МОИ «Суғд» бунёд намудани чунин марказ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Соҳибкорон ҳамчунин бо фаъолияти муассисаи «Хуҷандсоз», ки тибқи нақша сохтмони маркази логистикӣ бояд дар ҳудуди он оғоз ёбад, шинос гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






