Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи Алфа
Душанбе, 07.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси он ташриф оварда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуд.Чунонки зикр гардид, бо дастгирии молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғамхории пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд муддати охир биною иншооти ин воҳиди махсуси низомӣ пурра навсозӣ шуда, бо техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи муосир таъмин гардидааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти дарсу машғулиятҳои назарявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ, ки асосан ба омодагии зиддитеррористӣ нигаронда шудааст, бевосита шинос шуда, барои баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи касбӣ ва обутоби ҷисмонию руҳии онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.Тавре аён гардид, ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар амалиётҳои озод намудани гаравгонон бо роҳи ҳуҷуми ногаҳонии ғофилгир, бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба ошёнаҳои болоии биноҳои бисёрқабата, истифода аз техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ малакаи баланди касбӣ доранд.Маҳорати баланди онҳо, ҳамчунин дар муҳорибаҳои тан ба тан бо усули якҳарбаҳои шарқӣ ва намудҳои гуногуни гӯштини муҳорибавӣ намоиш дода шуд.Воҳиди махсуси Алфа ҳамчунин дорои шуъбачаи омодасозии сагҳои хизматӣ аст, зеро ин дӯстони вафодори инсон дар гузарондани амалиётҳои зиддитеррористӣ ёварони басо моҳир ва беминнатанд.Намудҳои зиёди техникаи махсуси ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунтаъинот, ки воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ихтиёр дорад, ба он имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна шароити шабу рӯз ва боду ҳавои мухталифи 4 фасли сол фаъолияти босамар дошта бошад.Барои будубоши бофароғати доимӣ барои ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфа хобгоҳҳои барҳаво, ошхонаи муосиру муҷаҳҳаз, бунгоҳи тиббии дорои шароити зарурӣ бунёд ёфта, бо ҳамаи талаботи замонавӣ мутобиқ карда шудаанд. Ҳамчунин онҳо дорои хобгоҳҳо, ошпазхона ва бунгоҳҳои тиббии сайёр мебошанд, то ки ҳангоми амалиётҳои дур аз қароргоҳи худ бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин бошанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии беш аз якунимҳазорнафари ин воҳиди махсус суханронӣ намуда, онҳоро пеш аз ҳама бо солгарди 20-ум аз таъсисёбии он табрику таҳният гуфт.Президенти кишвар аз солҳои аввали таъсис ва ташаккулёбии ин ва дигар воҳидҳои низомӣ ва фаъолияти онҳо дар шароити муноқишаҳои шадиди дохилӣ ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба он даврони носозгорӣ дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, пуриқтидор ва обутобёфта мебошад, ки ҳайати шахсии онҳо бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми шарифи кишвар ҳамеша омодагии қавӣ доранд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






