Боздиди Президент аз қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, бо шароити пас аз тармиму навсозии куллӣ муҳайёгардида ва бо хизмати афсарону сарбозони он бевосита шинос шуд.Чунонки зикр гардид, дар ҳудуди васеи ин қисми низомӣ як зумра биноҳои нав сохта шуда, биною иншооти мавҷудаи он мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор гирифтааст ва шароити хуби машқӣ ва хизматию маишӣ барои ҳам афсарон ва ҳам сарбозон муҳайё гардидааст.Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хобгоҳҳои барҳавои сарбозон ва шароити дар онҳо муҳайёгардида, анбори озуқаворӣ, ошпазхонаю ошхонаи сарбозӣ, ошхонаи афсарӣ, ҳаммоми зебою замонавии онҳо, сартарошхона ва утоқи алоқаи телефонӣ ва интернетӣ дидан кард. Чунонки зикр гардид, дар ин утоқ ба сарбозон имкон дода мешавад, ки бо падару модар ва аҳли оилаи худ бо телефон ё тавассути интернет ройгон гуфтугӯй кунанд.Дар ҳудуди қисми низомӣ як манзили дорои се ҳуҷра сохта шудааст, ки барои мулоқоти сарбозони оиладор бо ҳамсарашон пешбинӣ шудааст.Як хобгоҳи дуошёна барои афсарон бунёд ёфтааст, ки аз хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, дар он то 40 афсар, аз ҷумла бо аҳли оилаашон метавонанд истиқомат кунанд.Ин қисми низомӣ, ки яке аз бузургтарин ва беҳтарин ҷузъутомҳои Қӯшунҳои дохилӣ ба шумор меравад, дорои варзишгоҳи фарох бо майдонҳои стандартии футбол, майдонҳо барои дигар намудҳои бозиҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои машғулиятҳои ҳарбӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ барои обутоби ҷисмонию рӯҳии ҳайати шахсӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва омӯзиши амалии усулҳои ташкил ва гузарондани амалиётҳои махсус ва ҷангӣ пешбинӣ шудаанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии қисми низомӣ суханронӣ намуда, Қӯшунҳои дохилиро чун як шохаи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар “сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ” номид.Аз роҳбарият ва ҳайати шахсии ин ва дигар сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот даъват карда шуд, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбӣ ва омодагии доимии ҳарбию махсус ҷаҳду талош намоянд, то оромию суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаши кишвар таҳти ҳимояти боэътимод бошад.Дар охир ҳайати шахсии қисми низомӣ ҳунари волои худро дар задухӯрдҳои тан ба тан, ба роҳ мондани амалиётҳои махсус ва расми гузашти ботантанаи низомӣ намоиш доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






