Боздиди Расулзода аз сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон шинос шуд. Ин қитъаи роҳи оҳан, ки аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад, дар масофаи беш аз 40 км бунёд хоҳад шуд.
Ҷараёни корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон дар айни замон мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, азми роҳсозон барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар қавӣ мебошад ва дар ин самт аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст дар қисмати ҷониби Ваҳдат бо ҷараёни корҳои сохтмони роҳ шинос шуда, сипас дар қисматҳои алоҳидаи роҳ дар самти ноҳияи Ёвон шинос шуд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар қисматҳои алоҳидаи ин ҷониби роҳ корҳои сохтмонии ватанию хориҷӣ вобаста гардида, корҳо мувофиқ ба нақша ва дар асоси лоиҳаҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд. То имрӯз масофаи беш аз 8 км роҳи оҳан пурра ва дар масофаи 28, 3 км таҳкурсии роҳ омода шудааст.
Дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мазкур дар маҷмӯъ 361 нафар мутахассису роҳсоз ҷалб гардида, шумораи техникаю таҷҳизоти корӣ зиёда аз 120 ададро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоии бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини ташкилоту идораҳои сохтмониро барои таҳияи нақшаи корӣ ва муайянсозии ҳаҷми корҳои заминии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, таъмини ҳамдастии ташкилоту идораҳои ба сохтмон ҷалбгардида барои иҷрои нақшаи корӣ, вусъат бахшидани корҳои геологию ташхисӣ ва таркишию пармакунӣ, азхудкунии маблағҳои пешбинишуда ва афзун намудани шумораи коргарону техникаҳои корӣ вазифадор кард.
Дар ҷаласаи сайёри ситоди корӣ ҷараёни боздиди Сарвазири мамлакат аз иншоот ва нақшаи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар зарфи як моҳи охир натиҷагирӣ шуд. Тавре ки дар ситоди корҳои сайёр таъкид гардид, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар аксар қитъаҳои алоҳидаи роҳ нисбат ба моҳҳои қаблӣ беҳтар гардида дар аксари дигар мавзеъҳои сохтмонӣ суръати корҳо то ба ҳол беҳбудӣ мехоҳанд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






