Боздошти донишҷӯ бо маводи нашъадор
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 24-солаи пойтахт Даврони Бароталӣ, донишҷӯи яке аз муассисаҳои олии таълимии кишвар бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ў 844 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ зиёда аз 3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






