Боздошти Шамшод бо 15 кг афюн
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-22 августи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мошини тамғаи «Опел-астра», рақами давлатиаш TJ 69-75 таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Шамшод Пирмаҳмадовичи 32-сола, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Хамадонӣ ҷиҳати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд.Тавре ки аз Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ доданд, дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум шуд, ки шаҳрванд Расулов Шамшод Пирмаҳмадович дохили болопӯши чархи эҳтиётӣ (запаска)-ро ҳамчун пинҳонгоҳ истифода бурда, дар дохили он 11 бастаи полиэтилениро пинҳон кардааст.Тибқи маълумотномаи ташхиси криминалистӣ маводи гирифташуда ба воситаи нашъадори навъи афюн мансуб буда, вазни холиси он 15 кг 60 граммро ташкил медиҳад.Бо назардошти он, ки дар кирдорҳои Расулов Шамшод Пираҳмадович аломати таркиби ҷиноятии дар моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуд аст, нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд ва тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






