Бозгашти варзишгарони кишвар аз Чин

Август 28, 2014 11:04

Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин охирин варзишгари тоҷик  Фирӯз Ёқубов дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 100 кг мақоми чорумро касб кард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, ин сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки дар Олимпиадаи Нанҷинг дар мақоми чорум қарор гирифтааст. Рӯзи 25-уми августи соли равон низ ду паҳлавони тоҷик Равзатуллоҳ Исоев дар сабқати гӯштини юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг ҷойҳои чорумро ишғол карданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин 8 варзишгар дар 7 намуд — гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ  муаррифӣ мекунанд.
 Дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин, ки то 31-уми августи соли равон идома мекунад, варзишгарони кишвар натавонистанд, ки медал ба даст оранд.
 
 
 

Август 28, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст