Бунёди иншооти таълимӣ дар даврони Истиқлол
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мардуми мо ба як силсила дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбию миёнаи умумӣ, ки ин ҳама самараи Истиқлол ва маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани раванди неки созандагиву ободкорӣ солҳои охир дар баробари рушду инкишофи дигар манотиқи кишвар хусусан пойтахти кишварамон тавассути заҳмати созандаи сокинони он ободу зебо мегардад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият соҳаи маориф ва махсусан ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, дастгирии мунтазами ятимону бепарасторон ва фароҳам овардани шароити зарурии таҳсил ва фаъолиятро барои онҳо ҳадафи муҳимтарини худ қарор додааст.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки амиқи рисолати таърихии худ саъю талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби саводу дониши мукаммал, илму маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ гарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмиву техникӣ ва ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо доим чораҷӯӣ намуда, дар ин замина тамоми шароиту имконотро муҳайё месозад, ки ҷавонони мо дар оянда номбардори ин марзу бум ва хоки муқаддасу азизи Тоҷикистон бошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироот дар бисёр кишварҳо аз курсҳои аввали макотиби олӣ оғоз мегардад.
Аз ин лиҳоз дар соли 2013 таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии кишвар мушкилоти соҳаи маорифи кишварамонро дар самти қонеъ гардонидани талаботи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат бартараф намуда, ҳамзамон бо ин дар ин муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагон ва донишҷӯён ҳамаи шароити мусоиди зисту таълим фароҳам оварда шудааст.
Дар арафаи соли нави хониши 2013 ва дар остонаи таҷлили ҷашни 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ аз он башорат медиҳад, ки соҳаи маориф аз заҳмату талоши Сарвари давлат хеле тараққӣ кардааст.
Тавре ки маълум аст, мактаб ин даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияи ахлоқи ҳамида мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаришуда бинои факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониши 2013 иштирок намуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити моддию техникии муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 38 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 70 синфхона, аз ҷумла 22 синфхонаи озмоишӣ ва 2 устохонаи бузург мебошад ва барои 4 ҳазор донишҷӯй дар якуним баст пешбинӣ шудааст. Бино, ҳамчунин дорои китобхонаи барҳавои электронӣ мебошад, ки дар он беш аз 70 компютер бо шабакаи ҷаҳонии интернет ва китобхонаҳои зиёди электронӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пайваст мебошад.
Толори бузурги варзишии бино бо паҳноию дарозии 24 ба 37 метр барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар соли сипаришуда ҳамчунин бо иштироки Президенти мамлакат бинои таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои беш аз 3000 донишҷӯ ба истифода дода шуд.
Шумораи озмоишгоҳҳои умумитехникӣ ва тахассусии дар бинои мазкур ҷойгиршуда 22 ададро ташкил медиҳад.
Бино ҳамчунин дорои ошхона барои 300 ҷой, ду толори компютерӣ ва китобхонаи электронӣ, китобхона бо толори хониш, ду толори дарсии бузурги ҳар кадом барои 200 ҷой ва толори варзишӣ доро мебошад.
Факултети мазкур бо риояи тамоми стандартҳои муосири ҷаҳонӣ барои таълим сохта шудааст.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти ҳамагонӣ ифтитоҳ ёфт, ки ҳарсе бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардида, дорои шароити муосир мебошанд.
Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою муҷаҳҳази таълимӣ ва дувумӣ маҷмааи сеошёнаи варзишӣ мебошад, дар назди мактаби рақами 56 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда, дорои 36 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои компютерӣ, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.
Бунёд ёфтани бинои нави мактаби 56 боиси шодию нишоти зиёди омӯзгорон, хонандагон ва сокинони атрофи он гардид, зеро то ин вақт аз нарасидани синфҳо таълим дар ин мактаб дар се баст ба роҳ монда мешуд.
Толори бузурге, ки дар ошёнаи якуми маҷмааи нави варзишии мактаб қарор дорад, дорои 420 ҷойи нишаст ва шароити хуб барои намудҳои гуногуни варзиш мебошад.
Бинои иловагии дигари таълимӣ дар назди мактаби рақами 97, ки дар маҳаллаи Авул 2-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин бинои сеошёна аз 16 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Сокинони маҳаллаи Авул 2 аз ифтитоҳи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чунки биноҳои қаблии мактаб хеле кӯҳнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимӣ низ дар онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд.
Ин бинои зебо, ҳамчунин дорои толорҳои замонавии маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст, варзишӣ бо 130 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва ошхонаи муҷаҳҳаз мебошад.
Соли сипарӣ дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мактаб бо 16 синфхона барои 800 нафар хонанда дар 2 баст буда, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия бунёд гардид. Мизу курсӣ ва бисёр ашёи дигари он аз корхонаҳои истеҳсолии ҳамин ноҳия харидорӣ шуд.
Соли ҷорӣ низ иншоотҳои зиёди таълимӣ ба истифода дода шуданд, аз ҷумла ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти умумии рақами 24 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шумули онҳост. Мактаби навбунёд аз 14 синфхонаи барҳавои муҷаҳҳаз бо ашёву лавозимоти муосири таълимӣ, инчунин толори варзиш ва ошхона иборат буда, дар заминаи бинои таълимии аз заминларза осебдида бунёд шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилояти Суғд 441 муасисаи таълимӣ бунёд ва навсозӣ гардида, қариб 130 ҳазор ҷойи нишаст фароҳам оварда шуд.
Инчунин соли равон мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара ифтитоҳ гардид, ки он бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ, устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2014 мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар шаҳри Душанбе бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои 2700 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд шудааст, ки дорои 5 бинои таълимӣ, як бинои махсусгардонидашуда, 63 синфхона, инчунин толорҳои муҷаҳҳази варзишиву фарҳангӣ ва китобхона мебошад.
Бинои мактаб аз ҳуҷраҳои барҳавои маъмурӣ, утоқҳои методӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва компютериву лингофонӣ, ки дар онҳо зиёда аз 100 компютери муосир насб шудааст, омодаи қабули хонандагон мебошад.
Сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ соли равон низ хеле зиёд ба чашм мерасад. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба роҳбарони дахлдор дастуру супориш медиҳад, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон чораҳои зарӯрӣ андешанд, ки ин аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳад