Бунёди маркази нави тиҷорат

Август 7, 2014 11:52

Хоруғ, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Мутобиқ ба нақшаи Ҳукумати кишвар марбут ба рушди соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ сохтмони бинои марказии тиҷоратӣ, ки аз ду ошёна иборат хоҳад буд, идома дорад. Пас аз анҷоми сохтмон дар назар аст, ки теъдоди 100 нафар аз сокинони ин ноҳия соҳиби ҷои кор мегарданд. Бинокорон ният доранд, пас аз як моҳ маркази мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Раҳматов мегуяд, ки чанд сол пеш дар маркази ноҳия ду се мағоза бунёд намудам, аммо бо боло рафтани сатҳи зиндагии мардум талабот ба молу коло афзуд ва аз ин ру қарор додам то як маркази муосири хизматрасониро бунёд кунам. Ин икдоми соҳибкорро мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастгирӣ намуданд. Айни ҳол дар ин сохтмон даҳ нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ба гуфти соҳибкор дар бинои мазкур мағозаҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонии маишӣ ва коргоҳҳо барои ҳунармандони мардумӣ, ки ба истеҳсоли ҳар гуна асбобу анҷом ва ашёҳои рӯзгор сару кор доранд, ҷой дода мешаванд.

Август 7, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад