Cеминар оид ба баррасии парвандаҳо
Душанбе, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар»).- 29 августи соли 2014 дар Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи Шўрои адлия, судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ баргузор гардид.
Дар семинар Шарбатов А., судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мавзўи «Баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амалӣ (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор» Қосимзода С.О. — муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзўи «Мурофиаи парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарорҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намоянд» ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар семинар ҳамчунин як зумра масъалаҳои марбут ба фаъолияти корӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






