Чаро соҳибкорон пардохти андозро ба таъхир мегузоранд?
Хоруғ 21.08.2014. (АМИТ («Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони нозироти андози шаҳри Хоруғ бо мақсади тавзеҳи Кодекси андоз, зиёни сарпечӣ аз пардохти андоз ба буҷаи вилоят ва пинҳон доштани он дар бозори «20-солагии Истиқлол» семинари сайёр баргузор намуданд. Қабл аз мулоқот ҳуҷҷатгузории баъзе аз нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва саноатиро мавриди санҷиш қарор доданд. Иддае аз фурӯшандагон натавонистанд хуҷҷатҳои заруриро ба нозирон пешниҳод намоянд.
Нархи маҳсулот низ хеле гарон ба назар расида, қимати як тарбуз аз 15 то 18 сомонӣ, як кило ангур 14-15 сомонӣ, картошка 4 сомонӣ ва харбуза 25 сомониро дар бар мегирифт.
Як нафар аз тоҷирон Нуриддин Зуҳуров, гуфт, ки харбузаро аз давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ба роҳи вилояти Суғд ба шаҳри Хоруғ интиқол додам. Ба сабаби сарфи зиёди сӯзишворӣ ва боҷи гумрукӣ иҷборан қимати харбузаро боло бардоштам, то ки харочоти сафарро рӯпуш кунам.
Баъдан нозирони андоз бо соҳибкорон мулоқот намуданд. Ба гуфтаи нозирон соҳибкорону тоҷирони ин бозор ба муддати тӯлонӣ пардохти андозро ба таъхир мегузоранд.
Аз суҳбат бо онҳо аён гардид, ки ду соли қабл бар асари сӯхтор молу колои бештари онҳо нобуд шудааст ва акнун маҷбуранд бо қарзи бонкӣ онро рӯпуш намоянд. Аз ин рӯ алъон имкони сари вақт пардохт кардани андозро надоранд. Сардори нозироти андози шаҳри Хоруғ Табассум Дарморахтов ба соҳибкорон аҳамият ва моҳияти супурдани андозро тавзеҳ дода, гуфт, ки сарпечӣ аз андоз ба дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ба шумули маориф, тандурустӣ, нафақа зиёни ҷиддӣ мерасонад. Соҳибкорону тоҷирони ин бозор ваъда доданд, ки дар давоми даҳ рӯз бақияпулии худро ба таври пурра пардохт хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






