Чкалов: Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов таҳти раёсати раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои мақомоти марбута, намояндагони корхонаву ташкилотҳо, фаъолон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Раиси шаҳр доир ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, тезонидани фаъолияти корхонаҳои хурду бузург ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати ҳозиринро ҷалб намуда, дар ин самт ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.Ҳамзамон Рухсора Давлатзода ба масъалаи мактабу маориф дахл намуда, оид ба омодагии мунтазами муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли хониши нав аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракати мамнуъ ва ба дигар масъалаҳои таълиму тарбия изҳори назар намуд. Раиси шаҳр сохторҳои марбутаро вазифадор кард, то дар робита ба масъалаҳои матраҳгардида тадбирҳои мушаххас рӯи кор бигиранд. Ҳамчунин ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаҳои муҳим супоришҳо дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






