Д.Исломов — комиссари вохӯрии мусобиқаи нимниҳоӣ

Август 27, 2014 11:23

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Сардори  шуъбаи байналмилалии Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Давлатманд  Исломов  комиссари вохӯрии  якуми нимниҳоӣ  барои дарёфти  Ҷоми  Конфедератсияи  футболи  Осиё  байни дастаҳои «Ал – Қадсия» — и Кувейт ва «Персипура Ҷаяпура» —  Индонезия, ки  16  сентябр  дар  шаҳри Ал – Кувейт  баргузор  мегардад,  таъйин  шуд.
Назар  ба  иттилои  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон,  дар таърихи  футболи  Тоҷикистони  мустақил  намояндаи  кишвари  мо  бори  нахуст  дар  ташкили  вохӯрии  дастаҳои сатҳи  баланд  комиссари бозӣ  таъйин  шудааст.
Ёдовар  мешавем, ки  соли  ҷорӣ  Давлатманд  Исломови   33 — сола  комиссари  бозиҳои  мусобиқоти   интихобӣ барои дарёфти  Ҷоми  Осиё – 2015,  Лигаи   қаҳрамонон ва Ҷоми Конфедератсияи  футболи  Осиё, ҳамчунин  қисми  ниҳоии  Ҷоми  довталабони Конфедератсияи  футболи  Осиё гардид.

Август 27, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад