Д.Исломов — комиссари вохӯрии мусобиқаи нимниҳоӣ
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Сардори шуъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари вохӯрии якуми нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни дастаҳои «Ал – Қадсия» — и Кувейт ва «Персипура Ҷаяпура» — Индонезия, ки 16 сентябр дар шаҳри Ал – Кувейт баргузор мегардад, таъйин шуд.
Назар ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар таърихи футболи Тоҷикистони мустақил намояндаи кишвари мо бори нахуст дар ташкили вохӯрии дастаҳои сатҳи баланд комиссари бозӣ таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Давлатманд Исломови 33 — сола комиссари бозиҳои мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти Ҷоми Осиё – 2015, Лигаи қаҳрамонон ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ҳамчунин қисми ниҳоии Ҷоми довталабони Конфедератсияи футболи Осиё гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






