Дабистонҳои пойтахт аз таъмири асосӣ бароварда шуданд
Душанбе, 23.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар оғози соли нави таҳсили 2014-2015 дар пойтахт як бинои нави таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба истифода дода мешавад.
Ҳамидуллохон Фақиров-сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бинои мазкур дорои тамоми шароитҳои мусоиди таълимӣ ва синфхонаҳои замонавии марбут ба фанҳои кимиё, биология, информатика, инчунин толори варзишӣ мебошад.
Ҳамзамон дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №79-и ноҳияи Шоҳмансур сохтмони толори варзишӣ ба анҷом расонида шуда, дар соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Инчунин дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт кӯдакистони №63 барои 128 нафар кӯдак дари худро боз менамояд.
Ҳамидуллохон Фақиров афзуд, ки инчунин дар соли нави таҳсил мактабҳои рақамҳои 34, 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дабистони №92-и ноҳияи Сино аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуданд.
Сардори идораи маорифи пойтахт таъкид кард, ки сохтмону навсозӣ ва таъмири пурраи мактабҳо аз буҷети шаҳр сурат гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






