Дар Конибодом 370 тонна ангишт захира шудааст
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014 — 2015 дар шаҳри Конибодом маводи лозимаи сӯхт захира мешавад.Ба иттилои Фирӯза Юнусова- мудири шӯъбаи маориф айни замон дар шаҳри Конибодом 56 муассисаи соҳаи маориф фаъолият дорад. Дар доираи татбиқи Қарори раиси вилоят дар бораи омодагии ташкилоту муассисаҳо ба фаслҳои тирамоҳу зимистон то ин дам дар мактабу кӯдакистонҳои шаҳр 370 тонна ангишт захира шудааст, ки ин 83 дарсади нақшаро дар бар мегирад.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд эҳтиёҷоти муассисаҳои маориф ба ангишт 500 тоннаро ташкил медиҳад. Харидории сӯзишвории дизелӣ барои истифодаи генераторҳо пурра ба охир расида, дар муассисаҳои таълимӣ шишабандии тирезаҳо идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






