Дар натиҷаи садама се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гашт
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз дар натиҷаи садамаи наклиётӣ дар шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Русия, садама соати 5 субҳ дар километри 98- уми роҳи мошингарди Маскав рух додааст. Дар натиҷа сокини ноҳияи Ҳисор Умед Қараев, сокини ВМКБ Далер Султонов ва сокини шаҳри Душанбе Бобоҷон Қаландаров, ки дар дохили мошини ВАЗ 2107 буданд, ҷароҳатҳои вазнин гирифта, дар ҷои ҳодиса ҳалок гаштаанд. Боз як шаҳрванди Тоҷикистон Фахриддин Давлатов бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гаштааст. Дар айни ҳол сабабҳои садама муайян шуда истодаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






