Дастовардҳои истиқлол дар соҳаи тандурустӣ

Август 28, 2014 15:53

  Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқй, соҳибихтиёрй ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷй, иқтисодй, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. 
     Бузургтарин  дастоварди   Ҷумҳурии   Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки соли 1994 сурат гирифт, қабули Сарқонуни ҶТ мебошад. Хулоса, тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. 
      Имрӯз  миллати  тоҷик  ҳамаҷониба   барои   ободкорй   ва ҳамзистии осоишта мекўшад. 
 
     Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як силсила дастовардҳои беназир ноил гардид.
      Аз Истиқлол то Истиқлол дар муассисаҳои тиббии мамлакат амалӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат идома ёфта, дар маҷмўъ 1095 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1805 амалиёти ангеография, 239 амалиёти стендгузорӣ ва 138 амалиёти васли шоҳрагу иклил гузаронида шуда, имрўз  дар кишвар  ба зиёда аз 70 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд.
Бо дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият аз ҳисоби     Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастгоҳи даруннигарии ҷарроҳии асаб харид гардид, моҳи декабри соли 2013 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ тавассути ин дастгоҳ дар сутунмуҳра амалиёт гузаронида шуд.
         Бо мақсади рушди захираҳои кадрии  соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок корҳои зиёде  анҷом дода шуданд. Дар айни ҳол дар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 248 табиб ва 38 635 ҳамшираи тиббӣ кор мекунад, ки ин нисабат ба солҳои пешин  мутаносибан 14,4 ва 21,2 фоиз зиёд мебошад. 
Тибқи феҳристи амалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар айни замон ба 536 адад расидааст, ки аз ин шумора 233-тои онро шахсони ҳуқуқӣ ва 303-тои онро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. 
          Дастовардҳо  дар даврони истиқлолият хеле зиёданд, аз ҷумла имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  3698 шабакаи тандурустӣ,  беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои тиббӣ фаъолият доранд. 
          Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти таъмин ва воридсозии техникаи муосири ташхисию табобатӣ муваффақиятҳо назаррасанд. Дар айни ҳол дар кишвар бо назардошти рушди тибби хусусӣ 6 адад ангиограф, 3 маммограф, 7 адад дастгоҳи эндовидеоҷароҳӣ, 2 эхокардиограф, 2 дастгоҳи поксозии хун дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад. 
 

Август 28, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд