ДДТТ 75-сола мешавад
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-«Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино имсол 75-сола мешавад. Дар давоми 75 соли мавҷудият ин даргоҳ зиёда аз 36 ҳазор мутахассиси соҳибмаълумотро тарбия намудааст. 98 дарсади мутахассисони соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар кишвар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ мебошад»,- гуфт Убайдулло Қурбонов-ректори донишгоҳ зимни нишасти хабарӣ.Донишкада соли аввали фаъолият (1939) аз як факулта ва шаш кафедра иборат буд ва дар он 130 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба донишкада номи олими бузург, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд. Соли 1992 донишкада ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино табдил ёфт. Баъди мақоми донишгоҳро соҳиб шудан, то соли 1999 дар ҳайати донишгоҳ 67 кафедра бо 627 нафар профессору омӯзгор, ки аз онҳо 66 нафар доктор ва 346 нафар номзадҳои илмҳои тиб буданд, фаъолият менамуданд. Айни ҳол донишгоҳ аз 4 факулта-факултаи тиббӣ, стамотологӣ, фарматсевтӣ ва нигоҳдории тандурустӣ иборат аст. Ҳайати профессорону омӯзгоронаш ба 631 нафар расидааст. Теъдоди омӯзгорони ҳамкор аз 206 нафар иборат аст. Дар маҷмӯъ муҳассилини донишгоҳ 9 ҳазору 347 нафарро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






