Диплом ба ивази 1500 доллар
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Баҳриддинова 1500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шаҳрванд Баҳриддинова ба Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст. Бино ба гуфтаи арзкунанда, корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо роҳи фиреб барои додани дипломи донишгоҳи мазкур, ки шаҳрванд Баҳриддинова дар он ҷо муддати 5 сол таҳсил намудааст, маблағи 1500 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ 19 августи соли 2014 Нодирова Луъбат Шарифовна, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани 1500 доллари амрикоӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дастгир шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
Нисбат ба Нодирова Луъбат Шарифовна парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “Б” КҶ. ҶТ оғоз шуд. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ давом дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






