Доктор Фотима занонро ҳушдор медихад, ки…
Хоруғ 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар раёсати тандурустии ВМКБ кофронс бо ширкати табибони маҳаллӣ дар мавзӯи «Сари вакт ташхис, муайян ва ба табобат фаро гирифтани беморони мубтало ба касалии саратони ғадуди шир» баргузор гардид. Дар ин конфронс табибон аз кишвархои Амрико, Канада ва Кения низ ширкат доштанд. Директори хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ Фотима Моҳбаталӣ гуфт, ки назар ба мушоҳидаҳои чанд соли охир дар ҳудуди вилоят ва дар ҷумҳурӣ теъдоди мубталоёни саратони ғадуди шир дар миёни модарон афзоиш ёфтааст. Иллати аслии ин падида сари вақт муроҷиат накардани беморон ба мутахассисон мебошад. Ба қавли табибони саратоншинос агар чунин беморон ду сол қабл аз пайдо шудани нишонаҳои касалӣ ба табибон муроҷиат намоянд, наҷот додани онҳо имконпазир аст. Дар сурати хуруҷи беморӣ ва ба дигар узвҳои бадан таъсир кардани он эҳтимоли шифёбӣ хеле маҳдуд мегардад. Ба гуфтаи доктор Фотима алъон дар Маркази ташхисии шахри Хоруғ нишонаҳои нахустини саратони ғадуди ширро муайян карда метавонанд. Мутобиқи як лоиҳа мо тасмим гирифтем, ки дар рузхои наздик 300 нафар аз модаронро мавриди ташхис қарор диҳем. Бо ин мақсад дар давоми панҷ рӯз қаблан барои табибони маҳаллӣ давраи омузишӣ баргузор мекунем. Ду рӯз ба таври назариявӣ ва се рӯзи дигар амалан донишу маҳораташонро такмил хоҳем дод. Ҳамрохи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб як нафар ҷарроҳ аз Амрико низ ҳузур дорад ва гуфта мешавад, ки дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ ширкат карда, ба табибони беморхонаи вилоятӣ маслиҳату машварат медиҳад. Яке аз дигар мутахассисони соҳаи тиб доктор Мансур низ аз табибон даъват намуд, ки ба мардум дар бораи чунин бемориҳо бештар маълумот ироа кунанд ва онҳоро ба ташхиси барвақтӣ ташвиқ намоянд. Модарон бояд соле як маротиба мавриди ташхис қарор гиранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






