«Энергетик»-и Душанбе барандаи мусобиқаи футболбозони наврас
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Энергетик»-и Душанбе барандаи мусобиқаи футболбозони наврас ба хотираи Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, гардид.Тавре, ки дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, нахустин мусобиқаи футболбозони навраси аз 10 то 12 сола ба хотираи Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо пирӯзии дастаи «Энергетик»-и Душанбе ба анҷом расид.Ин мусобиқа бо ширкати ҳашт даста дар майдонҳои футболи хурди варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид. Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи кишвар «Энергетик ва Авиатор рақобат карданд. Ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дуввуму севумро гирифтанд, инчунин, бозингарони беҳтарини мусобиқа ҷоизаҳои федератсияи футболи шаҳри Душанбе супурда шуд. Ҷоизаҳоро, инчунин, Шӯҳрат Мамадҷонов, писари зиндаёд Мирзо Мамадҷонов, собиқ бозингари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба футболбозони наврас тақдим кард.Ёдрас мешавем, ки Мирзо Мамадҷонов 10-уми декабри соли 1943 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Вай ҳамчун бозингар, мураббӣ, довар ва раҳбар тамоми ҳаёти худро ба рушди футбол бахшидааст. Дар дастаҳои мухталифи кишвар муваффақона бозӣ кардааст.Инчунин, барои хидматҳои арзандааш дар рушди варзиш, бахусус, футбол дар кишвар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудааст.Бо ташаббуси ӯ соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки Мирзо Мамадҷонов аввалин раиси он буд. Бо талошҳои зиёди ӯ ФФТ соли 1994 узви AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол узви FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) гардидааст. Вай то моҳи майи соли 1995 раиси ФФТ, баъдан то соли 2012 муовини раиси ФФТ буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






