Фармондеҳии ИМА ба АНМН таҷҳизот супорид

Август 29, 2014 09:22

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дирӯз ба Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба маблағи 576 ҳазор доллари ИМА таҷҳизот оварда шуд.
Таҷҳизоти мазкур дар доираи кумаки «Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон» супорида шуд ва он аз воситаҳои алоқа, тоскулоҳ, камзӯли тирногузар, дастгоҳи мушоҳидаи шабонаю рӯзона ва дурбин иборат мебошад.
Дар маросими имзои санади қабул муовини директори агентӣ Ҳ. Маҳмудзода ва роҳбари «Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон» Брент Пешта иштирок намуданд.
Ҳ. Маҳмудзода ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон арзи сипос кард ва онҳоро бовар кунонид, ки ҳамаи таҷҳизоти супорида шуда дар фаъолияти ҳамарӯзаи агентӣ самаранок истифода  мешавад.
Брент Пешта иброз намуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯшиш дорад ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон васеътар намояд.

Август 29, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст