Фестивали «Боми ҷахон» дар Хоруғ
Хоруғ, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар фестивали «Боми ҷаҳон» ҳам дар баробари суруду рақс намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои тоҷикони кӯҳистони Бадахшону дигар намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил гардид. Муассисаҳои фарҳангии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маърази тамошо на танхо муҳраву куртаҳои хушдӯхт ва тоқиҳои анъанавӣ, балки асарҳои зиёдеро пешкаш намуданд, ки аз фарҳангу маданияти тоҷикони кӯҳистони Бадахшон дарак медиҳанд. Дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамиятии «Ҳамеша-спента» фестивали «Боми ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои ҳамсояи Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ширкат доштанд.Дар фестивали мазкур ба ғайр аз рақсу таронахонӣ, ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои тоҷикони кӯҳистони Бадахшону дигар кишварҳои ҳамсоя ба маърази тамошо гузошта шуд. Як нафар аз ташаббускорони ин иқдоми нек, корманди Пажуҳишгоҳи инсоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон дар Бадахшон Умед Муҳаммадшерзодшоев баён дошт, ки дар фестивал асарҳои илмӣ-бадеӣ, ки дар бораи урфу одат ва суннатҳои мардуми кӯҳистон ҳикоят мекунанд, низ ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






