ФФТ – 1 бо «Билайн» вомехӯрад
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Баъди анҷоми бозиҳо дар се зергурӯҳ маълум шуд, ки дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар марҳалаи 1/8 финал барои дарёфти Ҷоми «Истиқлол» оид ба мини — футбол бо дастаи «Билайн» қувваозмоӣ менамояд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, аз гурӯҳи «А» ба марҳалаи 1/8 финал дастаҳои ФФТ- 1 «Амонатбонк», Суди ноҳияи Сино ва «Газпромнафт», аз гурӯҳи «Б» дастаҳои «Истиқлол», дастгоҳи Президент, «Формула – 55» — 1 ва «Билайн», аз гурӯҳи «Г» «Динамо» — и ВКД, ФФТ, «Вавилон» ва ТСЕll роҳхат гирифтанд. Дар гурӯҳи «В» бояд ду вохӯрӣ баргузор гардад, вале аз ҳоло маълум аст, ки дастаҳои «Антикоррупсия», «Ориёнбонк», «Бонки миллӣ» ва «Агроинвестбонк» ба марҳалаи дигари мусобиқот роҳхат пайдо кардаанд. Бозиҳои 1/8 финал 29 август баргузор мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






