Фурқат Урунов чемпиони ҷаҳон
Душанбе, 08.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Варзишгари тоҷик Фурқат Урунов дар чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо ИТФ миёни собиқадорон дар гурӯҳи 1 медали тилло ба даст овард.Ҷои дуввумро варзишгари ҷопонӣ Тотсука Тетсуҳеда ишғол намуд ва ҷои сеюм насиби Франко Риверо аз Пуэрто — Рико ва Сергей Ким аз Русия гардид.Дар гурӯҳи дигар миёни собиқадорон ҷойҳои якум ва дуюмро варзишгарони Ҷопон Ошима Масару ва Сато Нозому ишғол намуданд. Ҷои сеюм бошад насиби Чиапперо Ҷуан Мануэли аргентинӣ ва Еда Ясухирои ҷопонӣ гардид.Дар гурӯҳи 4 низ ҷои якумро варзишгари ҷопонӣ Танэба Катсума ба даст овард. Дар ин гурӯҳ варзишгари амрикоӣ Ҷозе Монтеро сазовори ҷои дуюм гардид. Ҷои сеюмро Вадим Ли аз Қазоқистон ва Луиз Гарсия аз Пуэрто Рико ба ҳам диданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






