«Ганҷи забон»-ро дарёбед
Душанбе, 1.08.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).-Дар фазои илмию фарҳангии кишвар боз як рӯйдоди наву фараҳбахш ба амал омад. Ба муносибати 5-умин солгарди Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди талошҳои пайгирона шумораи аввалини нашрияи расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ зери унвони рӯзномаи «Ганҷи забон» ба нашр расид, ки он натиҷаи заҳматҳои ҳамвораи кормандони ин ниҳод мебошад. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода изҳор намуд, таъсиси рӯзномаи «Ганҷи забон» низ яке аз падидаҳо ва дастовардҳои даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад. Кумита талош мекунад, ки забони давлатӣ бо шукӯҳу ҷалоли худ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар ҷилва намояд ва шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Зеро ин забон забони Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Хайём, Носири Хусраву Чалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомию садҳо бузургони дигари илму адабанд, ки ҷаҳониён ба онҳо ифтихор доранд. Дар нишони рӯзнома калимаҳои Меҳан, Модар, Забон навишта шуда, дар решаи дарахт низ сарҳарфҳои ин навиштаҳо ба забони паҳлавӣ бо ҳарфҳои З,М,М оварда шудаанд, ки ин ҳарсе аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти тамоми мардумони ҷаҳон дониста мешаванд.Рӯзномаи мазкур аз шумораи аввалин сар карда, ба масъалаҳои муҳими забони давлатии ҶТ ҳаматарафа машғул гардида, пайи ислоҳи онҳо саъю кӯшиш хоҳад намуд. Дар ин роҳ мо тасмим гирифтаем, ки бо тамоми олимони забоншинос ва муҳаққиқони забони тоҷикӣ, алоқамандон ва дӯстдорону посдорони забони тоҷикӣ ҳамкориҳои наздик намуда, мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл намоем. Дар саҳифаҳои «Ганҷи забон» маводи арзишманди ба масъалаҳои забони тоҷикӣ бахшидашуда нашр гардида, нуқтаи назари олимону муҳаққиқони варзида доир ба тамоми мушкилот ва масъалаҳои печидаи забони давлатӣ дарҷ мегардад. Ҳадафи рӯзномаи мазкур инъикоси масоили мубрами забони давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои баҳсбарангези истилоҳу истилоҳшиносӣ, номгузорӣ, таҳлили забони воситаҳои ахбори омма, забони навиштаҷоти иттилоотӣ, забони лавҳаю овезаҳо, эълону рекламаҳо мебошад. «Рӯзҳои наздик шумораи аввалини рӯзномаи «Ганҷи забон» бо теъдоди 1500 нусха дастраси хонанда хоҳад гашт. Масъулони рӯзномаи «Ганҷи забон» саъй менамоянд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2012-2016 дар тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар татбиқ ва амалӣ гарданд. Имрӯз ҷомеаи мо бояд ба он саъю кӯшиш намояд, ки забони тоҷикӣ ба мисли замони давраи Сомониён ба авҷи аълои худ бирасад ва ба маънои томаш забони илму адаб гардад»-иброз намуд сармуҳаррири рӯзнома Ҳайбатулло Шодиев.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






