Ифтитоҳи бинои Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози Суғд

Август 21, 2014 14:30

 
Душанбе, 21.08.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят, ки аз се ошёна ва  таҳхона иборат аст, ифтитоҳ ёфт.
 
Тавре иттилоъ доданд, дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҳамчунин нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст.
 
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм утоқҳои корӣ барои такмили ихтисоси кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон ҷой гирифта, дар онҳо барои 60 шунаванда ҷойи нишаст омода гардидааст.
 
 Дар таҳхонаи бино ошхона бо 60 ҷои нишаст ҷойгир шудааст.
 
Тарҳи берунаи бино бошад, бо масолеҳи ҳозиразамони «силк коат стоун» (silk coat stone) пӯшонида, бо он ороиш дода шудааст. Дар рафти ҳамаи корҳои сохтмонию  васлкунӣ дар иншооти мазкур технология ва масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода шудааст.
 
Масоҳати умумии бино 1144 м2 буда, бо харҷи 3 млн. 207 ҳазор сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст.
 
Ташкили Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки  ҳар сол  бо истифода аз технологияи муосир ва устодони ботаҷриба  ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон савияи дониши худро баланд бардоранд.
 
Барои  гузаронидани  машғулиятҳо устодони донишгоҳҳои иқтисодии вилоят, кормандони ботаҷрибаи соҳа ва дигар мақомот, ки ба масъалаҳои андоз вобастагӣ доранд, аз қабили Кумитаи замин, Раёсати гумрук, Раёсатҳои молия ва иқтисод даъват карда мешаванд.
 
Дар маркази мазкур давоми як сол имкони то 300 нафарро ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтан мавҷуд аст.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури шумораи зиёди кормандони соҳаи андози вилояти Суғд онҳоро ба такмили пайвастаи донишу малакаи касбии худ ва муомилаю муоширати хуб бо андозсупорандагон ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Август 21, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст