Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар Душанбе
Душанбе, 30.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Шафақи кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таълимии ин маҳаллаи сераҳолиро, ки аввалин мактаби муосири чорошёна бо таҳхона дар шаҳри Душанбе аст, ифтитоҳ намуда, онро туҳфаи арзанда дар арафаи соли нави хониш номид.Чунонки зикр гардид, мактаб бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, дорои 30 синфхона мебошад. 6 синфхонаи он барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ бо дастгоҳу таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз шудааст. Мактаб 2 синфи компютерӣ барои омӯзиши асосҳои кор бо компютер ва 2 синфи лингафонӣ барои забонҳои хориҷӣ дорад.Дар синфи забон ва адабиёти тоҷик ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ барномаи компютерии омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ муаррифӣ гардид, ки ба истиқболи 600-солагии Мавлоно таҳия гардида, барои мактабҳо тавсия дода шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи хонандагони синфи яки ин мактаб китобҳои дарсӣ ва албомҳо, ки ҳамагӣ дар яке аз чопхонаҳои наву муосири кишвар чоп шудаанд, тақдим намуд.Синфҳои ҳунаромӯзии писарону духтарон ҳам бо шароити зарурӣ барои дуредгарию челонгарӣ, таомпазӣ, либосдӯзӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои ба талаби замон мувофиқ таъмин карда шудаанд. Як синфхона бо 14 дастгоҳи махсус барои қолинбофии дастӣ ва гулдӯзии мошинӣ омода гаштааст. Ин кор тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷ додани омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла мактаббачагон, анҷом дода шудааст.Толори маҷлисии мактаб 308 ҷойи нишаст дошта, барои маърӯзаҳои умумӣ, маҷлисҳои корию тантанавӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.Толори варзишӣ ғайр аз шароити стандартии машқу тамрин боз 118 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.Ошхонаи мактаб дар таҳхона ҷойгир шуда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.Чунонки иттилоъ доданд, дар мактаби кӯҳнаи маҳалла ҷойи нишаст барои хонандагон намерасид ва ин мушкили асосӣ барои роҳандозии таълиму тарбияи босифат буд.Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагону омӯзгорон ва падару модарони мактаббачагони ин маҳалларо бо оғози фаъолияти мактаби наву замонавӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки кунун ва минбаъд таълиму тарбия дар ин муассисаи зебою муҷаҳҳаз бояд дар сатҳи баланди дилхоҳ ба роҳ монда шавад.Ба роҳбарияти шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бинои кӯҳнаи куллан навсозишудаи ин мактабро ба кӯдакистон барои 300 кӯдак табдил диҳанд ва таъкид гардид, ки дар ин сурат он ҷо 150 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






